Аксари сокинони Полша аз тарси окибатхои иктисоди ба чори намудани евро мухолифат мекунанд. Тибки тахкикоти Фонди THINK, танхо 23 % пурсидашудагон гузариш ба асъори ягонаи аврупоиро дастгири намуданд, дар холе ки 48% мухолиф буданд.

Дар байни сабабхои асосии муносибати манфи пурсидашудагон:
– хавфи болоравии нарххо,
– зарурати сахттар намудани сиёсати молияви,
– кохиши эхтимолии суръати рушди иктисоди.
Бахс дар бораи чори намудани евро дар Полша солхои зиёд идома дорад. Аммо ин кишвар, дар баробари Венгрия ва Чехия, дар байни давлатхое боки мемонад, ки соли 2004 ба Иттиходи Аврупо пайвастаанд ва то хол асъори ягонаро кабул нанамудаанд.
Раиси Бонки Марказии Полша Адам Глапинский борхо таъкид намудааст, ки хангоми рохбарии у ба бонки Милли гузаштан ба евро гайриимкон аст. Дар соли 2017, муовини сарвазир Матеуш Мораветский изхор дошт, ки Полша танхо дар бораи чори намудани евро фикр мекунад, вакте ки иктисодиёти он бо иктисодиёти Олмон, Фаронса ва Нидерландия баробар мешавад.
Коршиноси иктисоди Бартош Новак кайд мекунад: “Таъсиси евро хам фоида ва хам хатар дорад. Аммо, чомеаи Полша аз тарси болоравии нарххо ва ноустувории молияви хануз ба ин икдом омода нест. Барои гузариши бомуваффакият маъракаи васеи иттилооти ва ислохоти сохтори зарур аст.
Дар пасманзари чунин рухия, рохбарияти Полша мавкеи интизориро идома дода, тахкими пули милли ва муътадилсозии иктисодиётро афзалтар медонад.
Аксхо: Pixabay.com / martaposemuckel