Дар айни замон бо дастгирии Фонди Рушди Сауди се лоиха бо арзиши умумии 145 миллион доллари ИМА дар сохахои маориф, обёри ва энергетика амали намуда мешаванд. Дар ин бора Рузи 24 ноябр дар шахри Эр-Риёд зимни мулокоти Муовини якуми сарвазири Чумхурии Точикистон Хоким Халикзода бо директори Фонди Рушди Сауди Султон Ал-Маршад хабар дода шуд.

Тавре, ки кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон хабар доданд, мулокот дар доираи конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузори дар Эр-Риёд, Арабистони Сауди баргузор гардид.
Чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои Хамкории Точикистонро бо бунёди Рушди Сауди, инчунин хамкории судманди дучонибаро дар татбики лоихахои афзалиятнок дар сохахои маориф, тандурусти, энергетика, наклиёт ва обёри барраси намуданд.
Дар тули солхои хамкори бо Чумхурии Точикистон Фонди Рушди Сауди барои татбики лоихахои гуногуни сармоягузори 296,7 миллион доллари ИМА чудо намудааст.
Зимни мулокот чонибхо ба таквияти хамкори дар самтхои барои рушди мамлакат мухим, аз кабили саноат ва кишоварзи, энергетика, ракамисози, рушди инфрасохтори шахр, аз чумла системаи обтаъминкунии нушоки, хочагии манзилию коммунали, тачдиди роххои автомобилгард ва табдил додани онхо ба магистралхои муосири байналмилали изхори манфиатдори намуданд.
АКСХО: Кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон