Санахои 27-28 ноябр Президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлати ба Чумхурии Казокистон ташриф меорад. Музокирот бо Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев руйдоди калиди хохад буд. Мавзуи асосии мухокима дурнамои рушди шарикии стратеги ва муносибатхои иттифоки байни ду кишвар, инчунин хамкори дар доираи СААД, ИДМ ва БРИКС хохад буд. Дар натичаи гуфтушунидхо сарони давлатхо изхороти муштарак ва як катор созишномахои дучонибаро имзо мекунанд.

Рохбарон инчунин, ба иштирокчиёни Форуми ХХ Хамкории байниминтакавии Русия ва Казокистон, ки дар Уфа баргузор мешавад, тавассути алокаи видеои мурочиат хоханд намуд.

Илова бар ин, Владимир Путин дар сессияи навбатии Шурои амнияти дастачамъии СААД дар Остона иштирок мекунад, ки дар он натичахои хамкори дар як сол чамъбаст намуда мешаванд ва самтхои рушди минбаъдаи системаи амнияти дастачамъи муайян намуда мешаванд. Табодули афкор оид ба масъалахои асосии байналмилали ва минтакави ба накша гирифта шудааст.
Аксхо: аз манбаъхои кушода