Tesla аз карори суди Делавэр оид ба чуброни Илон Маск шикоят хохад намуд  – ИА Караван Инфо
Tesla аз карори суди Делавэр оид ба чуброни Илон Маск шикоят хохад намуд 

Tesla эълон намуд, ки ният дорад ба карори суди Иёлоти Делавэр, ки бастаи чубронпулии Илон Маскро ба маблахи 56 миллиард доллар бекор намуд, эътироз кунад. Ширкат карори судя Кэтлин Маккормикро “хато” меномад ва ба накша гирифтааст, ки шикоят кунад, хабар медихад DW. 

Судя Маккормик эътироф намуд, ки бастаи бонусии аз чониби сахмдорон дар соли 2018 тасдикшуда барои Маск, ки бо ноил шудан ба хадафхои асосии Tesla алокаманд аст, аз хад зиёд аст. Ин баста мохи июни соли 2023 дубора тасдик шуд, аммо холо суд онро гайрикобили кабул мешуморад. 

Дар изхороти худ дар шабакаи ичтимоии X Маск изхори норозиги намуда, кайд Намуд:: 

“Карорхои сахмдорон бояд аз чониби онхо назорат намуда шаванд, на судяхо.”

Tesla мавкеи уро дастгири намуд ва гуфт, ки накшаи чубронпули бо риояи катъии расмиёти корпоративи тасдик шудааст. 

Дар ин хафта ба суди Олии Делавэр шикоят намудан мумкин аст, аммо раванди барраси беш аз як солро дар бар мегирад. Tesla барои эътирофи конунияти карорхои сахмдорон талош хохад намуд. 

Илон Маск каблан ишора намуда буд, ки агар ба у чубронпулии мувофикашуда пардохт нашавад, метавонад ширкатро тарк кунад. Дар ин холат миллиардер макоми сарватмандтарин одами чахонро нигох медорад. 

Ин парванда масъалахои мураккаби идоракунии корпоративи ва чубронпулиро дар ширкатхои бузурги технологи таъкид мекунад, ки дар он марзхои байни хавасмандкунии менечерони оли ва пардохтхои аз хад зиёд мавзуи бахс боки мемонанд.

Аксхо: скриншот аз шабакахои ичтимои

error: