Доналд Трамп Чо Байденро дар суиистифода аз адолат барои афви писараш айбдор намуд  – ИА Караван Инфо
Доналд Трамп Чо Байденро дар суиистифода аз адолат барои афви писараш айбдор намуд 

Президенти собики ИМА Доналд Трамп ба карори президенти кунуни Чо Байден дар бораи афви писараш Хантер Байден вокуниши шадид намуд. Дар паёми худ дар платформаи Truth Social, Трамп ин амалро накзи адолат номид. 

“Оё бахшиши Чо (Байден) гаравгонхои 6 январро дар бар мегирад, ки чанд сол боз дар зиндон буданд? Ин суиистифода ва вайрон намудани адолат!” навиштааст Трамп. 

Доналд Трампи хурди изхор дошт, ки карори Байден пешгуишаванда буд. “Хама медонистанд, ки у ин корро мекунад” гуфт у дар шабакаи Ичтимоии X. 

Хантер Байден бо тахдиди то 25 соли зиндон барои пешниходи маълумоти бардуруг дар бораи нашъамандии худ хангоми хариди силохи оташфишон дар соли 2018 ру ба ру шуд. Аммо коршиносони хукуки изхор доштанд, ки мухлати вокеии у эхтимолан хеле камтар хохад буд ва метавонад бо чазои шарти ё соли махрум сохтан аз озоди махдуд шавад. 

Президент Байден изхор дошт, ки афви писараш бо “боварии беадолатии таъкиби суди” вобаста аст. Ин икдом аллакай садои баланд, аз чумла иттихомоти гаразнок ва суиистифода аз кудратро ба бор овард. 

Амалхои президенти ИМА танкиди чумхурихохонро таквият доданд, ки бисёре аз онхо инро далели стандартхои дугона дар системаи адлия мешуморанд. Карори Байден инчунин, метавонад ба рейтингхои у таъсир расонад ва мавкеи ракибонашро дар интихоботи ояндаи президентии соли 2024 мустахкам кунад. 

Аксхо: AF / Julia Demaree Nikhinson

error: