Суди конститутсионии Гурчистон аз баррасии даъво дар бораи натичахои интихобот сарпечи намуд – ИА Караван Инфо
Суди конститутсионии Гурчистон аз баррасии даъво дар бораи натичахои интихобот сарпечи намуд

Суди конститутсионии Гурчистон даъвохои президенти кишвар Саломе Зурабишвили ва 30 вакили мухолифинро, ки талаб менамуданд, ки натичахои интихоботи парлумонии 26 октябрро гайриконститутсиони эътироф кунанд, рад намуд. Карори нашршудаи суд нишон медихад, ки ин карор нихои аст ва шикоят намудан мумкин нест.

Тибки натичахои интихобот, хизби хукмрони ” Орзуи Гурчистон ” 89 мандат гирифт, дар холе ки эътилофхои мухолифин “барои тагйирот”,”Вахдат”, “Гурчистони Кави” ва “Барои Гурчистон” 61 мандат гирифтанд. Аммо мухолифин такаллуби оммавиро эълон намуданд, натичахоро эътироф нанамуданд ва ба мачлисхои парлумони бойкот эълон намуданд.

Президенти Гурчистон Саломе Зурабишвили мухолифинро дастгири намуда, интихоботро “такаллуби кулли” номид ва ба суди Конститутсиони даъво намуд. Вай инчунин шахрвандонро ба эътироз даъват намуд.

Эътирозхои оммави алайхи натичахои интихобот идома доранд. Бо вучуди ба охир расидани ваколатхои президенти дар миенаи мохи декабр, Зурабишвили изхор дошт, ки то муътадил шудани вазъ аз вазифааш истеъфо нахохад дод.

“Ман кишварро дар чунин бесарусомони намегузорам, хатто агар ваколатхои ман расман ба итмом расанд” гуфт президент дар як суханронии ахир.

Хизби хоким аллакай 14 декабр интихоботи президентиро эълон намуд. Номзади онхо Михаил Кавелашвили, футболбоз ва вакили собик, ки бо риторикаи зидди гарбии худ маъруф аст.

“Гурчистон ба рахбари кави ниёз дорад, ки сохибихтиёри ва манфиатхои кишварро химоя кунад”, — изхор дошт хизби “Орзуи Гурчистон”.

Хафт нафар аз нух судя радди баррасии даъворо дастгири намуданд. Ба акидаи коршиносон, ин карор бухрони сиёсиро бо назардошти нобоварии кисми зиёди чомеа ба суд ва хизби хоким бадтар мекунад.

Мухолифин ният доранд, ки бойкоти парлумонро идома диханд ва фишорро ба кудрат тавассути эътирозхо афзоиш диханд.

Аксхо: @salome_zourabichvili

error: