Санаи 15 январ дар китобхонаи Миллии Точикистон Мулокоти Вазири фарханги Чумхурии Точикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири мероси фарханги, сайёхи ва хунархои Чумхурии Исломии Эрон Сайид Риза Солехи Амири баргузор гардид.

Мулокот дар доираи сафари давлатии Президенти Чумхурии Исломии Эрон Масъуд Пезешкиён ба Точикистон баргузор гардид. Дар чараёни мулокот чонибхо дар бораи густариши робитахои фарханги, инчунин баргузории намоишгоххо, барномахои фарханги ва табодули тачриба дар сохаи фарханг мубодилаи афкор намуданд.
Вазири мероси фарханги, сайёхи ва хунархои Чумхурии Исломии Эрон Сайид Риза Солехи Амири низ дар ин руз ба осорхонаи китобхонаи Милли, ки дар он китобхои нодири шоирони точик ва форс нигох дошта мешаванд, ташриф овард.
Хамчунин, 15-уми январ клуби шоирону нависандагони Точикистону Эрон бо иштироки шоирон, нависандагон ва дигар намояндагони фарханги ду давлат баргузор гардид. Пас аз чорабини дар шахри Душанбе Институти фарханги точики-форси кушода шуд.
Интизор меравад, ки ходимони фарханги Эрон низ аз Касри Навруз, осорхонаи Миллии Точикистон ва калъаи Хисор дидан кунанд.
АКСХО: НИАТ”Ховар”