Кам намудани интиколи нафту гази Норвегия метавонад барои Русия фоидаовар бошад – ИА Караван Инфо
Кам намудани интиколи нафту гази Норвегия метавонад барои Русия фоидаовар бошад

Тахлилгар Андреас Шредер аз ширкати ICIS кайд мекунад, ки кохиши интиколи нафту газ аз чониби Норвегия метавонад ба таквияти мавкеи Русия дар бозори энергетикии аврупо оварда расонад. Дар мусохиба бо Рузномаи бритониёии Telegraph, у таъкид намуд, ки кохиши истихроч дар Норвегия метавонад барои хамкории зичтари кишвархои Аврупо бо Москва имконият фарохам орад.

Тибки иттилои директори шифти Норвегия, дар солхои наздик Норвегия накша дорад, ки хачми истихрочи нафту газро кохиш дихад, ки ин бо сиёсати макомоти амалкунанда, ки ба катъи ин фаъолият нигаронида шудаанд, алокаманд аст. Ин кохиш, ба гуфтаи тахлилгарон, ба болоравии нархи газ ва афзоиши талабот ба таъминот аз дигар кишвархо, аз чумла Русия мусоидат хохад намуд.

Шредер кайд намуд, ки кохиши интикол аз Норвегия барои Русия имконият фарохам меорад, ки дар бозори гази аврупо чойгохи мухимтарро ишгол кунад. Ин фишорро ба хукуматхои кишвархои аврупои, ки метавонанд дар чустучуи имкониятхои хамкори бо Русия фаъолтар шаванд, бахусус дар кишвархое, ба монанди Словакия ва Венгрия, ки ба сиёсати энергетикии русия муносибати дустона доранд, афзоиш медихад.

Хамин тарик, кохиши интиколи нафту газ аз чониби Норвегия метавонад ба вазъи геополитикии Аврупо таъсири назаррас расонад, ки дар он чо афзоиши талабот ба энергия метавонад боиси афзоиши таваччух ба захирахои Русия гардад.

Аксхо: Pixabay.com

error: