Дафтари сарвазири Исроил Бинемин Нетаняху изхор дошт, ки гурухи ХАМОС дар лахзаи охир аз як катор шартхои мувофикашуда даст кашид, ки ин ба расидан ба созишномаи интизории оташбас дар Бахши Газза монеъ мешавад.

“ХАМОС созишномаро вайрон мекунад ва дар лахзаи охирин бухрон ба вучуд меорад, ки ба созишнома халал мерасонад,” — омадааст дар изхороти нашршуда бо забонхои англиси ва ибри. Нетаняху илова намуд, ки кобинаи Вазирони исроил барои тасдики созишнома чамъ намеояд, то миёнаравхо омодагии ХАМАС-ро барои ичрои хамаи банди созишнома тасдик кунанд.
Намояндагони ХАМОС, аз чониби худ, изхор медоранд, ки ба созишномаи оташбас содик мемонанд. Ба гуфтаи намояндаи харакат Иззат ар-Ришк, ин аз изхороти охирини созмон шаходат медихад.
Тибки маълумоти 15 январ, чонибхо дар бораи мархилаи шашхафтаинаи оташбас, тадричан хорич намудани нерухои исроили аз Газза ва инчунин озод намудани гаравгонхо мувофика намуданд. Дар иваз, ХАМОС ба озод намудани махбусони фаластини умед мебандад.
Аммо, бунбасти кунунии дипломати ичрои ин созишномахоро зери хатар мегузорад. Дар холе ки миёнаравхо талошхои халли ихтилофотро идома медиханд, вазъ дар минтака ташаннучнок боки мемонад.
Аксхо: pixabay.com