Казокистон ва Бритониё густариши шарикии “стратеги” – ро барраси намуданд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва Бритониё густариши шарикии "стратеги" - ро барраси намуданд

Муовини Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Роман Василенко бо Сафири Шохигарии Муттахидаи Бритониё ва Ирландияи Шимоли дар Чумхурии Казокистон Кэти Лич мулокот намуд. Дар чараёни сухбат чонибхо натичахои хамкории дучонибаро дар соли 2024 чамъбаст намуда, мулокоти Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев ва Сарвазири Бритониё Кир Стармерро дар майдонхои Сор29 дар Боку махсус кайд намуданд.

Мусохибон накшахои густариши минбаъдаи хамкориро бо такя ба Созишномаи имзошуда дар бораи шарикии стратеги ва хамкори байни Казокистон ва Бритониё барраси намуданд. Чадвали чорабинихои дарпешистода, ки ба тахкими хамкори дар сохахои гуногун нигаронида шудаанд, барраси намуда шуд. Чонибхо аз рушди босуръати муносибатхо дар сохахои сиёси, иктисоди, фарханги-гуманитари, илми ва таълими, аз чумла чалби институтхо ва донишгоххои академии Бритониё ба Казокистон изхори каноатманди намуданд.

Ба кадамхои минбаъдаи тахкими шарики, аз чумла идомаи кори механизмхои дучониба, ба монанди муколамаи Стратегии казокистону бритоние ва комиссияи Байнихукумати оид ба хамкории тичоратию иктисоди, илми-техники ва фарханги диккати махсус дода шуд. Чонибхо инчунин, дурнамои хамкори дар сохаи металлхои нодирро барраси намуданд.

Дар доираи мулокот оид ба масъалахои мубрами рузномаи минтакави ва байналмилали, аз чумла талошхо барои мубориза бо тагйирёбии иклим ва хифзи мухити зист табодули афкор сурат гирифт.

Аксхо: ВКХ ЧК

error: