Исроил 90 махбуси фаластиниро дар доираи созишномаи мубодила бо ХАМОС озод намуд – ИА Караван Инфо
Исроил 90 махбуси фаластиниро дар доираи созишномаи мубодила бо ХАМОС озод намуд

Дар доираи сулхи нав ба даст овардашуда байни Исроил ва ХАМОС, Исроил 90 махбуси фаластиниро дар ивази се гаравгони исроили, ки аз чониби чангиён озод намуда шуда буданд, озод намуд.

Субхи рузи душанбе автобус бо махбусони фаластини аз зиндони Офер дар исроил баромада, ба Бейтуния дар Сохили Гарби расид. Дар байни озодшудагон занон ва ноболигон буданд, ки дар чиноятхо айбдор намуда шуданд, аз сангпартои то кушиши куштор.

Ин созишнома кисми мархилаи аввали созишнома буд, ки пас аз 15 мохи чангхои харобиовар дар Газза баста шуд.

Рузи якшанбе ХАМОС се зани гаравгонро ба Исроил супурд: Роми Гонен, Эмили Дамари ва Дорон Штейнбрехер. Ин барнома дар хузури Салиби Сурх баргузор шуд, ки пас аз он занон ба беморхонаи Тел-Авив интикол дода шуданд. Духтурон гуфтанд, ки вазъи онхо муътадил аст.

Интизор меравад, ки Исроил дар ивази 33 гаравгони исроили дар тули шаш хафта садхо махбусони фаластиниро озод кунад.

Мархилаи дуюми сулх озод намудани хамаи гаравгонхои бокимондаи исроил ва такрибан хазор махбуси фаластиниро дар бар мегирад. Исроил инчунин, хуручи пурраи нерухоро аз Газза ба анчом мерасонад.

Дар мархилаи сеюм баркарорсозии Бахши Газза пешбини шудааст, ки дар доираи он ХАМОС часадхои гаравгонхои дар асири кушташударо интикол медихад ва Исроил корхои бузурги баркарорсозиро дар минтака огоз мекунад.

Тибки маълумоти вазорати тандурустии фаластин, ки тахти назорати ХАМОС аст, дар ин амалиёт беш аз 46 000 нафар, аз чумла шумораи зиёди занону кудакон кушта шуданд.

Сулх кадами аввалини мухим дар халли низоъ ва баркарорсозии минтака буд.

Аксхо: Pixabay.com / jorono

error: