Дар мактабхои Казокистон рамзхои QR барои робита бо маркази химояи хукуки кудакон «111» чори намуда шудаанд – ИА Караван Инфо
Дар мактабхои Казокистон рамзхои QR барои робита бо маркази химояи хукуки кудакон «111» чори намуда шудаанд

Аз мохи январи соли 2025 дар мактабхо ва коллечхои Казокистон рамзхои QR барои дастраси ба маркази тамос «111» чори намуда шуданд, ки дар химояи хукуки оила, занон ва кудакон кумаки хукуки, ташкили ва психологи мерасонад. Ин ташаббус дар якчояги бо Ваколатдор оид ба хукуки кудак дар ЧК амали намуда шуда, ба баланд бардоштани дастраси ва кулайи гирифтани кумак барои кудакон ва волидони онхо равона намуда шудааст.

Холо, ба гайр аз алокаи телефони бо раками “111”, кудакон ва волидони онхо метавонанд тавассути рамзхои QR, ки дар хама ташкилотхои таълими, чойхои дастрас барои кудакон ва инчунин истгоххои автобус чойгир шудаанд, дархост фиристанд.

Раиси Кумитаи Хифзи хукуки кудакони Вазорати маърифати ЧК Насимчон Оспанова кайд намуд, ки “пештар кудакон танхо тавассути телефон ба маркази тамос мурочиат намуда метавонистанд ва акнун онхо имконият пайдо намуданд, ки тавассути рамзхои QR дархостхо фиристанд.» Кайд намуда мешавад, ки ин раванди дархости дастгириро хеле осон мекунад, онро кулайтар ва дастрастар мекунад.

Аксхо: freepik.com

error: