Дар ИДМ Пешниход намуда мешавад, ки Соли рушди ичтимои ва сифати зиндаги эълон намуда шавад – ИА Караван Инфо
Дар ИДМ Пешниход намуда мешавад, ки Соли рушди ичтимои ва сифати зиндаги эълон намуда шавад

Дар Иттиходи Давлатхои Мустакил пешниход намуда мешавад, ки соли 2028 Соли рушди ичтимои ва сифати зиндаги эълон намуда шавад. Чаласаи гурухи коршиносон оид ба мувофика намудани лоихахои карорхои дахлдор 16 январ дар кароргохи ИДМ баргузор шуд.

Дар чаласа намояндагони Озарбойчон, Арманистон, Беларус, Казокистон, Киргизистон, Русия, Точикистон, Туркманистон, Узбекистон ва кумитаи Ичроияи ИДМ иштирок намуданд.

Дар вохури коршиносон пешниходхои аз кишвархо воридшударо мухокима намуда, лоихахои хуччатхоро мувофика намуданд. Маводхои чаласа ба давлатхои Иттиход фиристода мешаванд.

Ташаббуси эълони рушди ичтимои ва сифати зиндаги дар ИДМ ба чониби киргизистон тааллук дорад. Онро аъзои Шурои Машварати оид ба мехнат, шугл ва хифзи ичтимоии ахолии давлатхои иштирокчии ИДМ дастгири намуданд.

Татбики ташаббус ба густариши кор оид ба хамкории кишвархои Иттиход дар сохаи ичтимои, баланд бардоштани сифати зиндаги, тахкими иктидори ичтимоию демографи, таъмини шугли самараноки ахоли мусоидат хохад намуд.

Дар назар аст, ки дар давоми соли 2028 чорабинихо оид ба мусоидат ба рушди устувори ичтимои ва сифати зиндаги тавассути такмил ва нав намудани хуччатхо дар сохаи ичтимои-мехнати, густариши муколамаи ичтимои, татбики лоихахои озмоиши ва маъмулгардонии тачрибахои бехтарини дастгирии ичтимоии ахоли, баргузории форумхои байналмилали, майдончахои муколама оид ба масъалахои мубрами сиёсати хукуки, ичтимои-иктисоди ва ичтимои-демографии давлатхои иштирокчии ИДМ амали намуда шаванд.

Карори нихои дар бораи эълони соли 2028 хамчун соли рушди ичтимои ва сифати зиндаги дар чаласаи Шурои сарони давлатхои ИДМ кабул намуда мешавад.

АКСХО: хадамоти матбуоти кумитаи ичроияи ИДМ

error: