Бо сабаби шароити шадиди обу хаво, маросими савгандёдкунии президенти 47-уми ИМА Доналд Трамп дар дохили бинои Капитолий, дар зери ротондаи у баргузор шуд. Ин бори аввал дар 40 сол аст, ки савганди президенти дар зинахои Капитолий баргузор нашудааст.

Шумораи махдуди чойхо дар ротонда (такрибан 700 чой) ташкилкунандагонро водор намуд, ки Сapital One Arena-ро барои пахши маросим кушоянд. Чорабинии мазкур бо чорахои беназири амнияти хамрох намуда шуд: дар атрофи пойтахт 48 километр деворхои мухофизати насб намуда шуданд ва дар таъмини тартибот 25 хазор корманди полис ва хизматчиёни харби чалб намуда шуданд.
Ба гуфтаи намояндагони хадамоти Махфи, чунин хифзи васеъмикёс посух ба тахдидхои амнияти милли буд, бо назардошти чорабинихои оммави, аз чумла рахпаймоии пирузии “Мо Амрикоро боз бузург хохем намуд”.
Чонибдорони Трамп, ки дар Вашингтон чамъ омадаанд, ба бозгашти субот дар кишвар изхори умед мекунанд. Сара Дэвис, иштирокчии аксия, кайд намуд,:
“Мо ба кувват, амал ва субот бармегардем, ки дар партави руйдодхои Шарки Наздик, Аврупои Шарки ва сархади чануби хеле мухим аст.”
Маросим на танхо таваччухи сиёсатмадорони амрикои, балки рохбарони хоричиро низ ба худ чалб намуд. Дар байни мехмонони даъватшуда премерхои Италия Чорчия Мелони ва Венгрия Виктор Орбан, инчунин президенти ултралибералии Аргентина Хавер Милей мебошанд.
Тибки гузоришхои расонахо, савгандёдкунии дуюми Трамп гаронтарин дар таърихи ИМА буд ва арзиши он 170 миллион доллар арзёби мешавад.
Трамп пешаки ба пойтахт омад, то хотираи сарбози номаълумро дар кабристони Арлингтон гироми дорад ва дар маросими анъанавии гулчанбар иштирок кунад. Президенти нав ва маъмурияти у омодаанд, ки ба халли мушкилоти мураккаби кишвар шуруъ кунанд.
Аксхо: Matt Rourke