Дар Русия истихрочи газ ба таври назаррас афзоиш ёфт – ИА Караван Инфо
Дар Русия истихрочи газ ба таври назаррас афзоиш ёфт

Тибки маълумоти агентии Байналмилалии энергетики (IEA), дар соли 2024 истихрочи газ дар Русия нисбат ба соли гузашта 6,9 фоиз афзуда, ба 682 миллиард метри мукааб расид. Дар соли 2023 ин ракам 638 миллиард метри мукаабро ташкил дод, ки маънои афзоиши 44 миллиард метри мукааб дар як солро дорад.

Пешгуихо барои соли 2025 афзоиши минбаъдаи истихрочро 1,6 фоиз бо хачми пешбинишудаи 693 миллиард метри мукааб пешбини мекунанд.

Талабот ба газ дар Русия дар соли 2024 516 миллиард метри мукаабро ташкил дод ва дар соли 2025 коршиносон интизоранд, ки ин нишондиханда 2,7 фоиз афзоиш ёфта, ба 530 миллиард метри мукааб мерасад.

Рохбари “Газпром” Алексей Миллер хабар дод, ки дар баъзе конхои русия захираи газ барои 110 соли дигар кофи аст ва накшахои ширкат истихрочи ин иншоотро то соли 2134 пешбини мекунанд. Пештар муовини раиси Комиссияи давлатии захирахои маъданхои фоиданок Александр Смирнов захирахои умумии гази Русияро 67 триллион метри мукааб арзёби намуд, ки барои 90 сол кофи аст.

Аксхо: Pixabay.com/jarmoluk

error: