Трамп ният дорад бо Путин во хурад – ИА Караван Инфо
Трамп ният дорад бо Путин во хурад

Президенти ИМА Доналд Трамп изхор дошт, ки ният дорад бо президенти Русия Владимир Путин мулокот кунад. Дар рафти муошират бо хабарнигорон Дар Кохи Сафед Трамп нияти баргузории вохуриро тасдик намуд, аммо санаи онро мушаххас нанамуд. Вай кайд намуд, ки мухокима бо Путин метавонад “ба зуди” баргузор шавад.

Аз рохбари Амрико дар бораи мухлати анчоми низоъи Украина пурсиданд, ки у гуфт, ки барои халли ин масъала бо президент Путин сухбат намудан лозим аст. Трамп кайд намуд, ки дар аввал бисёрихо фикр менамуданд, ки чанг зуд хотима меёбад, аммо он се сол боз идома дорад ва “хама чиз метавонад руй дихад”. Вай ахамияти хотима додани низоъро таъкид намуд.

Президенти Русия Владимир Путин каблан изхор дошт, ки Москва барои муколама бо маъмурияти нави ИМА оид ба масъалаи украина кушода аст ва илова намуд, ки калиди он бартараф намудани сабабхои бухрон аст. Путин инчунин тасдик намуд, ки изхороти Трампро дар бораи хохиши баркарор намудани тамос ва хохиши пешгирии чанги сеюми чахони ба назар мегирад.

Аксхо: Getty Images

error: