Вазири кишоварзии Казокистон Айдарбек Сапаров бо Раиси Шурои директорони UBM Group Акош Варга ва Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Венгрия дар Казокистон Отто Иван Рона мулокот намуд. Мавзуи асоси мухокимаи лоихахои муштарак дар сохаи агросаноати буд.

UBM Group ният дорад, ки барои сохтмони се корхонаи истехсоли хуроки омехта дар Вилоятхои Костанай, Акмолин ва Туркистон, инчунин корхонаи истехсоли премиксхо дар вилояти Алмаато 83 миллион доллар сармоягузори кунад. Лоихахо дар доираи созишномаи чорчубаи каблан имзошуда, ки хангоми сафари президент Касим-Жомарт Токаев ба Венгрия баста шудааст, амали намуда мешаванд.
Айдарбек Сапаров таъкид намуд, ки Вазорати кишоварзи барои татбики бомуваффакияти ин ташаббусхо хамачониба дастгири хохад намуд. Вай инчунин, ахамияти чунин сармоягузорихоро барои тахкими иктидори агросаноатии Казокистон ва баланд бардоштани хосилнокии соха кайд намуд.
Дар анчоми мулокот чонибхо изхори бовари намуданд, ки хамкори ба рушди муносибатхои тичоративу иктисодии байни Казокистон ва Венгрия такони нав мебахшад ва татбики лоихахо кадами мухим дар тахкими робитахои дучониба хохад буд.
Сурат: ВК ЧК