Дар наздикии дехаи Осуми Дания, бостоншиносон беш аз 50 кабри викингхоро кашф намуданд, ки эхтимолан сахифахои навро дар омузиши хаёти харрузаи ин бахрнавардон ва чанговарони маъруф боз мекунанд. Кофтуковхои гурухи бостоншиносони осорхонаи Оденсе боиси пайдоиши скелетхои хуб хифзшуда гардид, ки дар якчояги бо артефактхо, ба монанди корд, заргари ва кристаллхо дафн намуда шуданд.
Микаэл Борре Лундо, нозири осорхона, кайд намуд, ки чунин микдори скелетхои хуб хифзшуда нодир аст ва имкониятхои беназири тахлили илмиро фарохам меорад, ки метавонад маълумоти навро дар бораи саломати, одатхои хурокхури ва пайдоиши дафншудагон ошкор кунад. Мухим он аст, ки дар байни викингхои дафншуда робитахои хешутабори ба вучуд овардан мумкин аст, ки каблан дар чунин сатх тахкик нашуда буд.
Яке аз бозёфтхои гайриодди зане буд, ки бо аробаи викингхо дафн намуда шуд. Чавохирот ва ашёе, ки дар пахлуи у пайдо шудаанд, аз чумла гарданбанди махтобии шишаги ва корди мохирона сохташуда, аз макоми баланди ин зан дар чомеа шаходат медиханд.
Шаходати дигари робитахои байналмилалии викингхо маводхое буданд, ба монанди банди биринчи ва кристаллхои кухи, ки аз Норвегия оварда шудаанд, ки иштироки онхоро дар шабакахои васеи савдои он замон таъкид мекунанд.
Ин бозёфтхо тасдик мекунанд, ки викингхо нисбат ба пештара иштирокчиёни фаъоли тичорати байналмилали буданд.
Аксхо: Осорхонаи Оденсе