Макомоти хифзи хукуки италия 19 нафарро, ки дар ташкили гуруххои мафиозии марбут ба тичорати футбол айбдор мешуданд, дастгир намуданд. Аксари боздоштшудагон ултрас, мухлисони шадиди клубхои футболи «Интернатсионале» ва «Милан» серияи А мебошанд.
Айбдоркуни ташкили чомеаи чинояти, истифодаи “Усулхои мафиози”, фиреб ва хамларо дар бар мегирад. Тафтишот боздоштшудагонро бо “Ндрангета”, яке аз бонуфузтарин созмонхои мафиозии чахон, алокаманд мекунад. Гумонбарон кушиш намуданд, ки фаъолияти тичоратиро дар атрофи варзишгохи “Сан-Сиро”, аз чумла фуруши чиптахо, хурок ва сувенирхо назорат кунанд.
Гайр аз ин, гумонхо вучуд доранд, ки боздоштшудагон метавонанд дар тичорати маводи мухаддир даст дошта бошанд. Додситонхо Чованни Мелилло ва Марчелло Виола таъкид мекунанд, ки клубхои футболи “Интер” ва “Милан” чонибхои зарардида мебошанд, зеро онхо барои пешгирии чунин хукуквайронкунихо чорахо андешидаанд.
Аксхо: Pixabay.com / AnnRos