ИА Караван Инфо
  1. Ҷудочиёни тоҷик дар миёни беҳтаринҳо: нуқра ва биринҷӣ дар Grand Prix Циндао

Душанбе, 30 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар шаҳри Циндаои Чин мусобиқаи бонуфузи силсилаи Grand Prix 2025 оид ба ҷудо бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 26 кишвар анҷом ёфт. Барои тими миллии Тоҷикистон ин мусобиқа санҷиши ҷиддӣ дар роҳи ба даст овардани имтиёзҳои рейтингии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ва омодагӣ ба стартҳои бузурги минбаъда гардид.

Натиҷаи асосӣ – ҷой гирифтани Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин дастаҳои мусобиқа.

Қаҳрамони асосии дастаи тоҷик дар Циндао Оибид Ҷебов (66 кг) шуд. Ӯ бо бартарӣ бар рақибони қазоқ ва кореягӣ ба финал баромад, аммо дар қувваозмоии ҳалкунанда ба варзишкори таҷрибадори муғул Басхуу Йондонперенлей мағлуб гардид. Бо вуҷуди ин, медали нуқра дастоварди назаррас ва қадами муҳиме барои таҳкими мавқеи Ҷебов дар рейтингҳои ҷаҳонӣ шуд.

Обид Ҷебов (аввал аз чап) — қаҳрамони асосии мусобиқа дар Чин
АКС: IJF

Дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маджидов худро нишон дод. Ӯ пас аз пирӯзиҳо бар варзишгарони Корея ва Бритониё ба нимфинал роҳ ёфт, вале дар он мағлуб гашт. Бо вуҷуди ин, дар финали барои биринҷӣ бар поляк Михаил Йедржеевский дастболо шуда, соҳиби медали арзанда гардид.

Ҷаҳонгир Мадҷидов
АКС: IJF

Ба тилаи ифтихорӣ хеле наздик буд Масъуд Аҳмадзода (73 кг). Ӯ то нимфинал расид, аммо дар ду қувваозмоии муҳим мағлуб шуда, дар натиҷа ҷойи панҷумро касб намуд.

Дар баробари ин, ду варзишгари дигар низ ба ҳафтгонаи беҳтарин шомил шуданд:

  • Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) – ҷойи ҳафтум;
  • Сомон Маҳмадбеков (81 кг) – ҷойи ҳафтум.

Дигар ҷудочиёни тоҷик – Меҳрзод Суфиев, Абубакр Шеров, Александра Кан ва Виктория Киселёва – ҳарчанд натавонистанд дур бираванд, таҷрибаи гаронбаҳои байналмилалӣ ба даст оварданд.

Ғайр аз медалҳо, варзишгарон имтиёзҳои рейтингии IJF ба даст оварданд (180 барои нуқра ва 120 барои биринҷӣ), ки мустақиман ба мавқеи онҳо дар ҷадвали ҷаҳонӣ таъсир мерасонад. Ҳамчунин, онҳо мукофоти пулӣ низ гирифтанд: 2000 евро барои нуқра ва 1000 евро барои биринҷӣ. Қисме аз мукофотҳо ба мураббиён равона мешавад.

Дар ҳисоби дастаӣ Ҷопон бо 5 тилло ва 3 биринҷӣ пешсаф шуд. Пас аз он Муғулистон ва Фаронса ҷой гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо як нуқра, як биринҷӣ, инчунин як ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум, дар миёни 26 кишвар ҷойи 10-умро ишғол намуд, ки нишондиҳандаи мавқеи рӯзафзуни ҷудои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

error: