ئه‌یلول 2024 – پەڕە 2 – ИА Караван Инфо

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории...

Дар Бохтар форуми байналмилалии Сармоягузории “Хатлон-Инвест-2024” баргузор  мегардад

Дар шаҳри Бохтар, рӯзҳои 17-18 октябри соли 2024, Форуми байналмилалии инвеститсионӣ «Хатлон-Инвест-2024» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ барои вилояти Хатлон, ки бо потенсиали бойи кишоварзӣ маъруф аст, як чорабинии муҳим хоҳад буд. Дар доираи ин форум, натиҷаҳои корхонаҳои комплекси саноатӣ-кишоварзии минтақа муаррифӣ карда мешаванд ва ҷалби сармоягузорӣ аз хориҷ барои рушди...

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдонҳои иҷлосияи 79-Уми Ассамблеяи Генералии СММ

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқавориро муҳокима намуда, амалҳои дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самтҳо зарур шумурданд. Ба масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ,...

Президенти Тоҷикистон бо ташаббуси таҳкими сулҳ ва муқовимат ба терроризму экстремизм баромад намуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвар таъкид доштанд, ки “ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти...

Дар Тоҷикистон парвариши мандарин бештар мегардад

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи беҳтарини мандарин  парвариш меёбад, ки аз ҷиҳати маззаю хушбӯӣ ва сифатнокӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад. Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи  зироаткории ситрусӣ-субтропикии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории  Академияи миллии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Хайриддин Аминов иброз намуд, аз ҷониби олимони кишоварзи тоҷик ду сол аст, ки дар...

Тоҷикистон ва Италия талаботи раводидро бекор намуданд

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, ки 23 апрели соли 2024 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия  ба имзо расида буд, пас аз анҷоми...

СААДбарои мустаҳкам кардани марзи Тоҷикистон ва Афғонистон нақша дорад

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) то охири соли 2024 нақша дорад, ки Барномаи Ҳадафманди Миллалӣ ро барои мустаҳкам кардани марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тасдиқ кунад. Қарори мазкур аз сабаби афзоиши хатар аз ҷониби Афғонистон гирифта шуд, ки дар он фаъолияти гурӯҳҳои радикалии мисли ДАИШ-Хорасан ва Ал-Қоида ҳанӯз ҳам қобили таваҷҷӯҳ...

Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас: рушди истеҳсоли матоъҳои суннатии тоҷикон

Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас 22 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар Фестивал намояндагони Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо намоиши маҳсулоти...

Дар Душанбе ҷаласаи  навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад

Ҷаласаи  навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 4 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар ин бора  20 сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия зимни вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв иттилоъ...

Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ намояндагӣ мекунад

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири...

Дар Душанбе осебшиносон ва ортопедон аз хориҷи кишвар гирд омаданд

Анҷумани 2-юми осебшиносон ва ортопедони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Инноватсия дар осебшиносӣ ва ортопедӣ"  дар Душанбе баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири Караван инфо. Дар чорабинӣ  наояндагон аз хориҷи кишвар аз ҷумла Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Армения, Испания, Грузия, ИМА ширкат варзиданд. Анҷуманро бо сухани муқаддимавӣ вазири...

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ВМКБ 2 пойгоҳи сейсмикро ба истифода супорид

Санаи 15 сентябри соли 2024 аз ҷониби Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  2 пойгоҳи сейсмикӣ (Сарез ва Мурғоб)  ба истифода дода шуда, 1 пойгоҳи сейсмикӣ  (Манем, назди ш. Хоруғ) азнавсозӣ гардид. Ин пойгоҳҳои сейсмикӣ рақамӣ буда, ҳар як пойгоҳ ду бақайдгирак (датчик) дорад, ки...

error: