ئه‌یلول 2024 – پەڕە 5 – ИА Караван Инфо

Душанбе: Фестивали атлас ва адрас: намоиш, барномаи фарҳангӣ ва таблиғи фарҳанги миллӣ

19 сентябр дар Душанбе Фестивали шаҳрии атлас ва адрас баргузор мешавад. Ин чорабинӣ соати 16:00 дар боғи фарҳанги ва истироҳатии шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ оғоз меёбад. Дар барномаи фестивал: Намоиш - фурӯш: Меҳмонон метавонанд либосҳои миллӣ аз атлас ва адрас, инчунин худи матоъҳоро тамошо ва харид кунанд. Намоиши...

Душанбе: Намоиши байналмилалии сайёҳӣ “Душанбе-2024”

Ба ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ҷаноби муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз 25 то 27 сентябр ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар Душанбе нахустин намоиши байналмилалии сайёҳӣ "Душанбе-2024" ("Dushanbe International Tourism Exhibition" - DITE) баргузор мешавад. Қарори дахлдор...

Тоҷикистон пешниҳод кард, ки нақшаи амали стратегияи рушди иқтисодии СҲШ таҳия карда шавад

Гардиши мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) рушди устуворро нишон медиҳад ва ҳамасола беш аз 70% тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ ба кишварҳои СҲШ рост меояд. Дар ин бора Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи 23-юми Вазирони давлатҳои аъзои Созмон, ки дар Исломобод баргузор гардид,...

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаи кишварҳо

12 сентябри соли 2024 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ масъуланд, вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷам Камал Хан баргузор...

Тоҷикистон ва Арманистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ

Дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон машваратҳо баргузор шуданд. Дипломатҳои ду кишвар дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавиро баррасӣ карданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Музокирот дар фазои гарму дӯстона бо роҳбарии роҳбарони воҳидҳои сохтории идораҳои сиесати хориҷии...

Душанбе: Ширкати Чинӣ лоиҳаи коркарди партовҳоро пешниҳод кард

14 сентябри соли 2024 дар Душанбе вохӯрии муовини раиси шаҳр Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Толиб Раҳимзода бо намояндагони ширкати чинии "Xiongan times Technology Group Co., LTD Abit investment (Hong Kong) Co., LTD" баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои муомила бо партовҳои хонагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ширкати Чинӣ лоиҳаи сохтмони корхонаи...

Дар марзи Ӯзбекистон шаҳрванди Тоҷикистон бо 400 сангпушти нодир дастгир шуд

Дар посгоҳи Сарҳадии "Фарход" дар Бекобод шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон боздошт шуд, ки кӯшиш мекард 400 сангпушти даштӣ, ки ба китоби Сурх дохил карда шуда буданд, ба Узбекистон барад. Дар ин бора мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон хабар доданд. Тибқи иттилои идора, ҳуҷҷатҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидани вайронкунанда аллакай ба суд фиристода...

Ҷаласаи 8-уми глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин рӯзҳои 11-12 сентябри соли равон дар ҷаласаи 8-уми глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (SBFN), ки дар ҳошияи ҷаласаи Гурӯҳи кории молияи устувор (SFWG)-и G20 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар чорабинии мазкур маърӯзачиёни сатҳи баланд, аз ҷумла...

Иштирок дар ҳамоиши муқаддамотии  “Даъвати глобалии Саммити Оянда”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии  “Даъвати глобалии Саммити Оянда”, ки  аз ҷониби ҳамоҳангсозони он – Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Намибия дар доираи раванди омодагӣ ба “Саммити Оянда”  баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Хотиррасон мешавем, ки  “Саммити Оянда”  рӯзҳои 22-23...

Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиен панҷ медал ба даст овард

Рӯзи панҷуми Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиен барои дастаи миллии Тоҷикистон як медали дигари биринҷӣ овард. Ғолиби ин мукофот гӯштингир Сайфиддин Сайфиддинов шуд. Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳоло дастаи Тоҷикистон 5 медали биринҷӣ ва мақоми 14-умро дар ҷадвали умумии 89 кишвари ҷаҳон ишғол мекунад. Дар бораи мақоми аввал дар ҷадвали умумӣ, он ба...

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот доир намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми заҳматдӯсти ноҳияро бо фарорасии ҷашни бузурги таърихӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ...

Дар Тоҷикобод бинои  Қасри фарҳанг ифтитоҳ гардид

Бинои  навбунёди Қасри фарҳанг  12 сентябр бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Қасри фарҳанг ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар доираи истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Тоҷикобод бо тарҳи зебову муосир ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст. Бинои дуошёнаи Қасри...

error: