Душанбе, 17 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Роҳбари Фронти миллии муқовимати Афғонистон Аҳмад Масъуд дар мусоҳиба бо шабакаи иронии «Ироф» оид ба муносибатҳои кунунӣ бо Тоҷикистон изҳори назар карда, таъкид намуд, ки онҳо бар асоси як мавқеи муштарак – зарурати ташкили ҳукумати фарогир, ки иродаи мардуми Афғонистонро инъикос кунад, бунёд ёфтаанд.

«Тоҷикистон ҳаргиз ҷонибдори ҷанг ва хушунат дар Афғонистон набуд ва нест. Мавқеи он пуштибонӣ аз талошҳо барои барқарории ҳукумати қонунӣ ва сулҳи воқеӣ мебошад. Роҳбарони кишвар ҳамеша бар зарурати ҳалли мушкилот тавассути гуфтугӯ ва музокирот таъкид доштанд ва имрӯз низ ҳамин хати сиёсиро идома медиҳанд. Ин ҳам мавқеи мост», — таъкид кард Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд.
Ба гуфтаи роҳбари муқовимат, толибон аз идораи давлатӣ оҷизанд ва гуфтугӯро рад мекунанд. Ӯ гуфт: «Онҳо дар чор соли ҳукуматашон ба Афғонистон чӣ доданд? Об? Амният?». Масъуд афзуд, ки толибон танҳо итоатро эътироф мекунанд. «Мо омодаем дар ҳар ҷой ба музокирот бинишинем, аммо худи толибон аз гуфтугӯ метарсанд».
Масъуд зикр кард, ки робитаҳои Фронти миллӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа бар як фаҳмиши муштарак асос ёфтааст: Афғонистон ба ҳукумати фарогир ниёз дорад.
Баъди ба қудрат расидани толибон, Тоҷикистон мавқеи ошкоро гирифт ва бар зарурати ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми қавму қишрҳои сиёсӣ пофишорӣ кард. Ҳамон вақт Аҳмад Масъуд, ҷонибдоронаш ва чанд намояндаи ҳукумати пешин дар Душанбе паноҳ ёфтанд. Ин иқдом боиси норозигии толибон гардид.
Дар солҳои охир муносибатҳои Душанбе ва Кобул тадриҷан мулоимтар шуданд. Бо вуҷуди ихтилофоти сиёсӣ, тиҷорат миёни ду кишвар қатъ нагашт: Тоҷикистон ҳамоно барқи худро ба Афғонистон содир мекунад, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ба намояндаи толибон вогузор шуд ва расонаҳо аз дидору мулоқоти сохторҳои қудратӣ ва иктишофии ду кишвар хабар доданд.
Бо ин вуҷуд, коршиносон таъкид мекунанд, ки садоҳои мухолифини афғон, ки аз Душанбе баланд мешуданд, тадриҷан хомӯш гашта, нуфузи пешинаи худро аз даст доданд.
АКС: шабакаи иронии «Ироф»