“Аэрофлот” пас аз хамлаи бузурги кибери маълумотро дар бораи муштариён рад намуд – ИА Караван Инфо
"Аэрофлот" пас аз хамлаи бузурги кибери маълумотро дар бораи муштариён рад намуд

Москва, 29 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Хадамоти матбуотии Роскомнадзор изхор дошт, ки маълумот дар бораи гум шудани маълумоти шахсии муштариёни “Аэрофлот” дар айни замон тасдик нашудааст.

Шархи идора дар пасманзари хабархои хакерхо, ки дар бораи хамлаи васеъмикёс ба инфрасохтори ракамии бузургтарин хавопаймои русия изхор доштанд, садо дод.

Ба гуфтаи намояндагони Роскомнадзор, “хабархои хамлагарон дар бораи вайрон намудани маълумоти шахсии муштариён ё кормандони ширкат хануз бо далелхо тасдик нашудаанд”. Аммо, тафтиши ходиса идома дорад.

Ходиса субхи 28 июл рух дод. Корхои “Аэрофлот” амалан фалач шуданд: даххо парвозхо бекор карда шуданд, ба мусофирон тавсия дода шуд, ки ба фурудгоххо нараванд. Дере нагузашта, гурухи кибери, ки эхтимолан аз хоричиён буд, масъулияти хамларо ба душ гирифт. Хакерхо изхор доштанд, ки ба системахои дохили дастраси пайдо намудаанд, терабайтхои маълумотро дуздидаанд ва чузъхои мухими инфрасохтори IT-ро нобуд намудаанд.

Коршиноси амнияти кибери Алексей Козлов пешниход намуд, ки барои баркарорсозии пурраи системахо то ним сол лозим аст.

Дар пасманзари афзоиши танишхо байни Русия ва Кишвархои Гарб, хамлахои кибери ба муассисахои давлати ва стратеги афзоиш ёфтанд.

Дар аввали мохи июл макомоти русия афзоиши кушиши ворид шудан ба системахои ширкатхои энергетики, наклиёти ва бонкиро сабт намуданд. Дар соли 2024, чанги кибери яке аз самтхои асосии низоъхои гибриди гардид, ки хифзи хамачонибаи ракамиро талаб мекунад.

Аксхо: РИА Ахбор

error: