Актери филми "Рэкетир" Мурат Бисембин вафот кард
ОСТОНА, 9 январ АИ «Караван инфо». Дар 53-солагӣ актёри қазоқистонӣ Мурат Бисембин, ки бо нақши Руслан дар филми “Рэкетир”машҳур шуд, аз олам даргузашт. Дар бораи марги ӯ духтари актёр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Дар солҳои охир Бисембин сахт бемор буд, бемории онкологӣ бо сактаи мағзӣ мураккаб шуд, ки пас аз он моҳи декабри соли 2025 ҳунарпеша дар беморхона бистарӣ шуд. Мурат Бисембин 11-уми октябри соли 1972 дар Қизилорда таваллуд шудааст, аз рӯи маълумот муҳандис – механик буд.
Корҳои ӯ дар “Рэкетир” ба таърихи синамои қазоқистон ворид шуданд.
Аксҳо аз бойгонии Шахсии Мурат Бисембин
