Ғалабаи кинои тоҷик дар ҷашнвораи кинои “Евазия” дар Маскав – ИА Караван Инфо
Ғалабаи кинои тоҷик дар ҷашнвораи кинои "Евазия" дар Маскав

Филми коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар дар ҷашнвораи «Евразия», ки дар шаҳри Москва баргузор шуд, ҷоиза гирифт. Филми «Фортуна» дар номинатсияи «Ҷоизаи матбуот» ғолиб шуд.

Ин филм ба тақдири одамони оддӣ дар пасманзари рӯйдодҳои Тоҷикистон дар солҳои 90-ум бахшида шудааст. Филм дар шимоли кишвар бо иштироки киностудияи «Суғдсинамо» ва «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст.

Кинои мазкур барои ростқавлӣ ва содиқӣ ба анъанаҳои кинои тоҷик бо ҷоиза сарфароз гардид.

Ҳамчунин, дар ҳамин ҷашнвора, актёр Абдулмӯъмин Шарифӣ барои нақши худ дар филми «Фортуна» дар номинатсияи «Беҳтарин нақши мардона» ҷоиза ба даст овард.

Дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои «Евразия» коргардонҳо, сенариянависон ва ҳунармандон аз 20 кишвар, аз ҷумла Арманистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ширкат карданд. Зиёда аз панҷ ҳазор дӯстдорони кино дар намоишҳои махсус, мастер-классҳо ва лексияҳо ширкат варзиданд.

Кумитаи тадорукоти  кинофестивали “Евразия”

error: