Душанбе, 17 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Душанбе, 16 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Душанбе, 17 сентября — ИА «Караван Инфо». 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо Мавсума Муинӣ ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд.
Дар ҷаласа ҳайати Парламенти Иттиҳоди Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон бо роҳбарии хонум Ҷузеппина Принчи иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни ҷаласа иброз гардид, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳимми байналмилалӣ дониста, нақши онро барои мусоидат ба таҳаввулоти демократӣ дар мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист муҳим меҳисобад.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки муҳокимарониҳо далели равшани рушди босубот ва мутақобили судманди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Аз ин бармеояд, ки ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду ҷониб сол то сол таҳким ёфта, воқеан ба манфиати мардумон равона гардидаанд.
Шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои равшан буда, дар асоси манфиатҳои муштарак ва ҳадафҳои созанда дар оянда боз ҳам қавитар хоҳад шуд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Пас аз анҷоми ҷаласа ҳайати меҳмонон бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати меҳмонон дар Тоҷикистон то 18 сентябр идома ёфта, онҳо мавзеъҳои дилнишини мамлакат ва Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро тамошо менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон