Душанбе, 02 январ, 2026 – АИ «Корвон Иттилоот». Бо мақсади натиҷабардорӣ аз фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят ва чунин комиссияҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ҷаласаи ҷаъмбастӣ дар толори калони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят гузаронида шуд.

Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини раиси вилояти Суғд, раиси комиссия Ф.Қосимӣ ва бо иштироки сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Г., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С., сохторҳои аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Вобаста ба масъалаи рӯзнома маърӯзаи сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х., ба таври муфассал шунида шуд.
Ҳангоми муҳокимаи масъалаи рӯзномаи ҷаласа аз аъзоёни Комиссияи вилоятӣ, намояндагони раёсатҳои маориф, шуъбаи энергетика ва саноати МИҲД вилоят, Раёсати кор бо занон ва оила, МД хоҷагии ҷангал, идораи телевизион ва радио, як қатор раисони комиссияҳои байниидоравии минтақавӣ дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал омада, аз ҷониби муовини раиси вилоят Ф.Қосимӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа намояндаи Кумита Тиллоӣ Г. оид ба муҳлат надоштани амалкунӣ ва фаъолияти комиссия, доир ба таҳияи Барномаи нав барои солҳои 2026–2030 ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо дар татбиқи он изҳори ақида намуд.

Дар навбати худ аз ҷониби сардори Сарраёсат Холзода С.Х. дар бораи тадбирҳои андешида ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, хусусан баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ сухан карда шуда, ҳамзамон барои минбаъд ба роҳ мондани корбарии якҷояи зерсохторҳои Сарраёсат бо муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сарпарастони соҳа дар иҷрои корҳои ободонию кабудизоркунӣ даъват ба амал омад.
Дар интиҳои ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят қарори дахлдор қабул гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
