Душанбе, 13 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 9 феврал дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ситодии корӣ таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони сохторҳои дахлдор баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа таъкид шуд, ки паҳншавии малахи марокашӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон мушоҳида шудааст ва аз ин рӯ зарур аст, ки чораҳои фаврӣ барои пешгирӣ ва нест намудани ин ҳашароти зараррасон андешида шаванд. Малах метавонад ба майдонҳои кишти зироат, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо зарари ҷиддӣ расонад, ки ин ба амнияти озуқаворӣ ва иқтисоди маҳаллӣ таҳдид мекунад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид масъулонро вазифадор намуд, ки омодагиро ба мавсими мубориза бар зидди малах пурзӯр карда, иҷрои фаврии чорабиниҳоро таъмин кунанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ситодҳои шаҳру ноҳиявӣ бояд ҳамоҳангсозии корҳоро дар минтақаҳои осебпазир ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Дар ҷаласа инчунин вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят баррасӣ гардид. Натиҷаҳои фаъолиятҳои соҳаҳои гуногун таҳлил шуда, вазифаҳои мушаххас барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо муайян шуданд. Ба хусус, ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд: масъулон бояд кишти барвақтӣ, шудгор ва омодасозии заминро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ҳамчун омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ шуд.

Масъалаҳои рушди саноат низ муҳокима гардида, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоя супоришҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамзамон, рафти даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт ва масъулон вазифадор шуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоҳангсозиро тақвият бахшанд.
Дар бахши обрасонӣ таъкид шуд, ки таъмини саривақтии оби полезӣ барои пешбурди корҳои кишоварзӣ аҳамияти калидӣ дорад. Таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ бояд зери назорати қатъӣ қарор дошта бошад.
Ҳамчунин масъалаҳои ниҳолшинонӣ, ободониву сабзкорӣ ва нигоҳубини дурусти ниҳолҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, зарурати вусъат бахшидани маъракаҳои сабзкорӣ таъкид шуд. Ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва корҳои идеологӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар фарҷом, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳоро таъмин намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
