Александр Бублик дар US Open аз ракеткаи аввали ҷаҳон шикаст хӯрд – ИА Караван Инфо
Александр Бублик дар US Open аз ракеткаи аввали ҷаҳон шикаст хӯрд

Ню-Йорк, 2 сентябри соли 2025-АИ «Караван Инфо». Теннисбози Қазоқистонӣ Александр Бублик бозии худро дар US Open ба анҷом расонида, дар даври чорум аз ракеткаи аввали ҷаҳон Янник Синнери итолиёвӣ шикаст хӯрд.

Бозӣ 1 соату 21 дақиқа давом намудва бо ҳисоб ба анҷом расид 6:1, 6:1, 6:1 Ба манфиати Синнер. Бублик 12 хатои дукарата содир намуд ва натавонист ягона брейк-пойнтро амалӣ кунад.

Ин вохӯрии ҳаштуми теннисбозон буд, итолиёвӣ дар муқовиматҳои шахсӣ пирӯзии ҳафтумро ба даст овард.

Аксҳо: ФТК

error: