Президенти Русия Владимир Путин фармони таъин намудани Александр Дарчиевро ба сафири фавкулодда ва ваколатдори ФР дар ИМА имзо намуд. Хуччати дахлдор дар портали расмии санадхои хукуки нашр шудааст.

“Александр Никитич Дарчиевро сафири фавкулодда ва ваколатдори Федератсияи Русия дар Иёлоти Муттахидаи Амрико ва нозири доимии Федератсияи Русия дар созмони давлатхои Амрико дар Вашингтон, Иёлоти Муттахидаи Амрико таъин карда шавад”, — гуфта мешавад дар фармон.
Дарчиев каблан директори департаменти Амрикои Шимолии ВКХ-и ФР буд ва аз соли 2014 то 2021 сафири Русия дар Канада буд. Дипломат ДДМ-ро хатм намудааст, забонхои англиси ва фаронсавиро медонад, дарачаи сафири фавкулодда ва ваколатдор дорад.
Хафтаи гузашта ИМА ба Русия нота бо агреманро барои таъини Дарчиев хангоми мулокоти хайатхои ду кишвар дар Истамбул супорид. Интизор меравад, ки у ба зуди ба чои хидмат равад.
Сафири пешини Русия дар ИМА Анатолий Антонов мохи октябри соли гузашта пас аз анчоми мухлати сафари кори аз вазифааш истеъфо дод.
Аксхо: ВКХ Русия