Амнияти минтака: Точикистон хамохангсозиро дар доираи СААД ва формати Осиёи Маркази – Русия таквият медихад – ИА Караван Инфо
Амнияти минтака: Точикистон хамохангсозиро дар доираи СААД ва формати Осиёи Маркази – Русия таквият медихад

Душанбе, 20 июн, АИ «Караван Инфо». Дар шахри Чолпон-Атаи Чумхурии Киргизистон ду чорабинии калидии байналмилали дар сохаи амнияти минтакави — чаласаи навбатии Кумитаи котибони шурохои амнияти давлатхои аъзои Созмони Ахдномаи амнияти дастачамъи (СААД), инчунин вохурии Дуюми котибони шурохои амнияти кишвархои Осиёи Маркази ва Федератсияи Руссия баргузор гардид. Дар он котиби Шурои амнияти Чумхурии Точикистон Юсуф Рахмон иштирок намуд.

Дар чараёни чаласахо самтхои афзалиятноки хамкории кишвархои иштирокчи, инчунин чолишхо ва тахдидхои чори ба амнияти дастачамъи барраси намуда шуданд. Ба хамохангсозии талошхо оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, чинояткории муташаккили фаромилли, гардиши гайриконунии маводи мухаддир ва тахдидхои кибери диккати махсус дода шуд.

Иштирокчиён зарурати таквияти механизмхои муштараки вокунишро барраси намуданд ва пешниходхои мушаххасро оид ба баланд бардоштани мутобикати амалиётии сохторхои амнияти, мубодилаи иттилоот ва густариши хамкори дар сохаи хифзи марзхо мувофика намуданд.

Дар суханронии худ дар чаласаи Кумитаи котибони СААД Юсуф Рахмон рафти татбики мархилаи якуми барномаи Максадноки Байнидавлатии СААД оид ба тахкими китъаи сархади давлатии Точикистону Афгонистонро равшан намуд. Вай ба кишвархои иштирокчи ва дабири Кулли СААД барои хамкории созанда изхори сипос намуда, ахамияти дастгирии шариконро дар таъмини субот дар фланги чанубии СААД кайд намуд.

Дар натичаи вохурихо хуччатхои мухим ба имзо расиданд, ки ба рушди системаи амнияти дастачамъии минтака равона намуда шудаанд. Ин карорхо барои тахкими хамохангсозии талошхои давлатхои аъзои СААД ва Осиёи Маркази дар посух ба мушкилоти замони муосир ва фарохам овардани заминаи иловаги барои хамкории амали пешбини шудаанд.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: