АМОРАТИ МУТТАХИДАИ араб дар хариди смартфонхо пешсафи чахони гардид – ИА Караван Инфо
АМОРАТИ МУТТАХИДАИ араб дар хариди смартфонхо пешсафи чахони гардид

Москва, 03 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Соли 2025 Аморати Муттахидаи Араб (АМА) аз руи шумораи харидхои бо телефонхои мобили анчомдодашуда дар чахон дар чои аввал карор гирифт.

Дар ин бора дар гузориши нави Global Digital Shopping Index UAE 2025 гуфта шудааст, ки бо Фармоиши Visa тахия шудааст ва ба маълумоти тадкикоти ширкати pymnts Intelligence асос ёфтааст.

Дар натичаи пурсиши 1679 харидор ва 329 фурушанда аз минтакахои гуногуни АМА маълум шуд, ки 67% одамон дар магозахои одди бо истифода аз смартфон харид мекунанд. Ин нисбат ба соли 2022 23% зиёд аст.

Инчунин, 37% тамоми харидхои онлайн дар кишвар тавассути дастгоххои мобили сурат мегиранд. Барои мукоиса, дар Сингапур ин нишондиханда 34,8%, дар Бритониё 27,6% ва дар Бразилия 24,4% — ро ташкил медихад. Ин АМА-ро пешвои чахони дар тичорати мобили месозад.

Гайр аз он, дар кишвар аутентификатсияи биометри васеъ истифода мешавад — яъне тасдики харид тавассути изи ангушт ё шинохти руй. 32% харидорон ин корро мекунанд, ки ин нисбат ба миёнаи чахони (17%) кариб ду баробар зиёд аст.

Хамин тарик, АМА намунаи он аст, ки чи гуна технологияхои раками метавонанд хариди харрузаро тагйир диханд — онхоро тезтар, кулайтар ва бехатартар кунанд.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: