Душанбе, 01 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ҳадафи боло бурдани тафаккури ҳуқуқии наврасон ва шиносоии амиқи онҳо бо моҳияти давлатдорӣ, қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ангезиши зеҳн» аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар шакли мубоҳисаи фаъоли гурӯҳӣ сурат гирифт. Хонандагон ба ду гурӯҳ — «Адвокат» ва «Ҳомии ҳуқуқ» тақсим шуда, дар робита ба масоили калидии ҳуқуқӣ мубодилаи назар анҷом доданд. Иштирокчиён саломномаҳои эҷодии худро пешниҳод намуда, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ доданд.
Барнома аз чанд шарт иборат буд, ки ҳар кадом ба таҳкими зеҳн, васеъшавии ҷаҳонбинӣ ва ташаккули маҳорати таҳлили ҳуқуқии хонандагон равона гардида буд.

Ташкилкунандагон бар он назаранд, ки чунин форматҳои интерактивӣ ба ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, болоравии маърифати ҳуқуқӣ ва парвариши шахсиятҳои фаъолу соҳибмаърифат дар ҷомеа мусоидат мекунанд.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот»
