Қасим-Ҷомарт Токаев ва Масъуд Пезешкиён дар форуми тиҷоратии қазоқистону эрон иштирок намуданд – ИА Караван Инфо
Қасим-Ҷомарт Токаев ва Масъуд Пезешкиён дар форуми тиҷоратии қазоқистону эрон иштирок намуданд

ОСТОНА, 12 декабр 2025г. – АИ «Караван Инфо». Қасим-Ҷомарт Токаев ва Масъуд Пезешкиан дар форуми тиҷоратии Қазоқистону Эрон иштирок намуданд, ки дар он пешрафти назаррас дар ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишвар нишон дода шуд. Тавре Президенти Қазоқистон қайд намуд, гардиши дуҷонибаи мол босуръат меафзояд ва дар соли 2024 аз 340 миллион доллар зиёд шудааст. Дар назар аст, ки онро аввал то 1 миллиард ва сипас то 2 миллиард доллар зиёд кунанд.

Токаев аҳамияти кушодани Хонаи тиҷоратии Қазоқистонро дар Теҳрон таъкид намуд ва қайд намуд, ки дар кишвар аллакай зиёда аз 350 корхона бо иштироки сармояи эронӣ фаъолият доранд. Ҷонибҳо ба рушди хатсайрҳои нақлиётӣ-логистикӣ, аз ҷумла ҳамкории бандарҳои Актау, Курик ва терминалҳои эронӣ, инчунин васеъ намудани имкониятҳои роҳи оҳани Қазоқистон –Туркманистон- Эрон диққати махсус доданд.

Президент инчунин дурнаморо дар соҳаи КАС, рақамисозӣ ва экологияи баҳри Каспий ҷудо намуд. Пезешкиён, дар навбати худ, таъкид намуд, ки форум қадами муҳим дар таҳкими шарикии бисёрсолаи ду давлат буд.

Аксҳо: Акорда

error: