Ассамблеяи генералии СММ якдилона катъномаи таърихии Точикистонро дар бораи зехни сунъи кабул намуд – ИА Караван Инфо
Ассамблеяи генералии СММ якдилона катъномаи таърихии Точикистонро дар бораи зехни сунъи кабул намуд

Душанбе, 28 июл, АИ «Караван инфо».  Санаи 25 июли соли 2025 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттахид катъномаи таърихиро бо номи “Накши зехни сунъи (ЗС) дар фарохам овардани имкониятхои нав барои рушди устувор дар Осиёи Маркази”, ки аз чониби Чумхурии Точикистон огоз гардидааст, кабул намуд. Ин карор якдилона кабул карда шуд, ки сатхи баланди дастгирии чомеаи байналмилалиро таъкид мекунад.

Икдоми мазкур бори аввал аз чониби Президенти Точикистон Эмомали Рахмон дар чараёни мубохисахои умумии ичлосияи 79-уми Ассамблеяи Генералии СММ 24 сентябри соли 2024 муаррифи гардид.

Карори кабулшуда як намунаи мухими ташаккули консенсуси чахони оид ба истифодаи ахлоки ва бехатари технологияхои зехни сунъи буд.

Хуччат татбики механизмхои худтанзимкуни ва идоракунии масъули зехни сунъиро хам дар сатхи милли ва хам дар сатхи минтакави пешбини мекунад.

Аз чумла, катънома таъсиси маркази минтакавии зехни сунъиро дар Душанбе пешбини мекунад, ки барномахои муштараки татбики ЗС-ро дар кишвархои Осиёи Маркази хамоханг хохад намуд.

Вазифахои асосии марказ аз чумла:

● рушди барномахои таълимии муштарак ва дастгирии стартапхои ЗС дар байни богхои технологии минтака;

● хамкории илми – тадкикоти байни донишгоххо ва лабораторияхо;

● таъсиси шабакаи умумии марказхои маълумот барои баланд бардоштани кобилияти хисоббарори;

● хамохангсозии ташаббусхои миллии мониторинг ва танзими ЗС барои таъмини идоракунии масъулиятнок ва худтанзимкуни;

● пешбурди ташаббусхои глобали дар сохаи ЗС дар хамкори бо шарикони байналмилали.

Ин икдом накши Пешбари Точикистонро дар сохаи зехни сунъи дар арсаи байналмилали таъкид намуда, аз сиёсати дурандешонаи Президент Эмомали Рахмон шаходат медихад.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: