Авангарди рус дар Владивосток: Кандинский, Родченко ва «амазонкахои санъат» дар галереяи Приморск – ИА Караван Инфо
Авангарди рус дар Владивосток: Кандинский, Родченко ва «амазонкахои санъат» дар галереяи Приморск

МОСКВА, 3 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Дар Владивосток намоишгоҳи “Авангард. Бо мурури замон таваллуд шуда”, ки ба форуми X –усм Иқтисодии Шарқи рост меояд, кушода шуд.

Дар Галереяи рассомии Приморский 57 асари расму графика аз коллексияи музеи санъати Вятка ба номи Васнетсов намоиш дода мешавад.

Дар байни муаллифон Василий Кандинский, Александр Родченко, Пётр Кончаловский, Роберт Фалк, Николай Фешин, инчунин рассомоне, ки мунаққидон онҳоро «амазонкаҳои авангарди рус» меноманд, Надежда Удалтсова ва Варвара Степанова.

Директори галерея Алена Датсенко таъкид намуд, ки дар солҳои 1920-1930 маҳз авангарди рус ба санъати ҷаҳонӣ оҳанги худро дода, қонунҳои маъмулии композитсия ва рангро шикаст.

Директори осорхонаи санъати Вятка Анна Шакина хотиррасон намуд, ки эҷодиёти он замон инъикоси даврони инқилобҳо, шаҳрсозӣ ва кашфиётҳои илмӣ буд.

Намоишгоҳ бо барномаи фарҳангӣ: лексияҳо, консертҳо ва мастер-классҳо ҳамроҳ намуда мешавад, ки дар он меҳмонон метавонанд изи худро дар сабки Кончаловский ё Родченко эҷод кунанд. Барои нобиноён нусхаҳои тактилии асарҳои Кандинский ва Фешин пешниҳод намуда шудаанд.

Ғайр аз он, дар назди галерея иншоотҳои санъатӣ дар рӯҳияи супрематизм кушода шудаанд, ки нуқтаи ибтидоии “арт-маршрут” дар шаҳр гардидаанд, ки дар он ҳатто қаҳва ва коктейлҳо аз авангард илҳом гирифтаанд.

Авангарди рус самти бадеии ибтидои асри XX, ки кубофутуризм, супрематизм ва конструктивизмро дар бар мегирад.

Намояндагони он Кандинский, Малевич, Родченко ба рушди санъати ҷаҳонӣ таъсир расонданд ва ғояҳои навоварӣ ва ҷустуҷӯи шаклҳои нав то ҳол дар фарҳанг иқтибос ва тафсир намуда мешаванд.

Аксҳо: рӯзномаи Русия

error: