Макомоти Мунисипалии Австрия ба бастани роххо ва чори намудани пардохтхо дар гузаргоххои сархади бо Венгрия, ки хазорон сокинон хамаруза сархадро убур мекунанд, шуруъ намуданд. Тадбирхо ба паст намудани шиддати харакат нигаронида шудаанд, аммо боиси рохбандии тулонии мошинхо ва норозигии афзоянда дар байни сокинони минтакахои наздисархади гардиданд.

Тагйироти назаррас дар Сарзамини Бургенланд дар Австрия рух дод, ки дар он чо якчанд шохроххо, аз чумла Рохи Клингенбах, бо монеахои бетони баста шуданд. Ба гуфтаи макомот, ин карор барои бехтар намудани сифати зиндагии мардуми махалли кабул шудааст:
“Дар соатхои сахари дар рох рохбанди ба вучуд меояд ва бисёрихо кушиш мекунанд, ки аз дехахо гузаранд ва бо ин холат норохати эчод менамоянд,” — гуфт намояндаи шахрдории Австрия.
Баъзе гузаргоххои сархади, ба монанди пули байни Агфалваи Венгрия ва Лойперсбахи австрия, пурра барои харакат баста буданд. Дар гузариш байни Агфалва ва Шаттендорф системаи гузаришхои пулаки чори намуда шуд, ки арзиши онхо 160 евроро ташкил медихад. Аммо мушкилоти техники истифодаи ин рохро дар тули якчанд мох гайриимкон намуданд.
Бисёре аз венгрхо, ки дар Австрия кор мекунанд, аз ин вазъ ба хашм омадаанд.
“Ин барои венгрхо тахкир аст. Агар мо омаданро бас менамудем, иктисоди онхо зарар медид. Мо тичорати онхоро дастгири мекунем, ” – гуфт яке аз сокинони Венгрия.
Аз сабаби махдудиятхо, одамон мошинхоро дар канори сархади венгрия гузошта, ба Австрия пиёда ё бо дучарха ба кор мераванд. Даъво алайхи мунисипалитети Шаттендорф дар бораи чубронпулии шахрвандони Венгрия аз чониби Суди замини Австрия рад намуда шуд.
Ташаннучи афзоянда метавонад муносибатхои байни кишвархоро мушкилтар кунад ва ба вобастагии иктисодии минтака таъсир расонад. Чониби Венгрия таъкид мекунад, ки мухочирати мехнати дар нигох доштани иктисоди Бургенланд накши мухим мебозад ва муносибати мутавозинтарро талаб мекунад.