Остона, 03 ноябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Ба аввалин донишҷӯёни филиали қазоқистонии МГИМО дар пойгоҳи донишгоҳи миллии Авруосиё шаҳодатномаҳои донишҷӯӣ супорида шуданд. Дар маросим Вазири илм ва таҳсилоти олии ҶҚ Саясат Нурбек ва ректори МГИМО Анатолий Торкунов иштирок намуданд.

Нурбек қайд намуд, ки байни Қазоқистон ва Русия 10 созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф ва қариб 1500 шартномаи байнидонишгоҳӣ амал мекунад. “Мо аз роҳбарияти МГИМО барои барномаҳои пешрафта миннатдорем” гуфт Вазир.
Филиали МГИМО аввалин донишҷӯёнро моҳи сентябри соли 2025 қабул намуд. Таҳсил аз рӯи барномаҳои бакалавриат ва магистратура, аз ҷумла “бозорҳои Ҷаҳонии минералӣ ва энергетикӣ” ва “иқтисоди Молиявӣ” гузаронида мешавад.
Аксҳо: Вазорати илм ва ТО ҶҚ
