Душанбе, 29 июл, АИ «Караван Инфо». Санаи 25 июл дар Донишгохи давлатии хукук, тичорат ва сиёсати Точикистон маросими тантанавии супоридани диплом ба аввалин хатмкунандагони факултети муштарак бо Донишгохи давлатии иктисодии Тошканд баргузор гардид. Ин икдоми мухим натичаи хамкории чандинсола ва рамзи тахкими робитахои илмию таълими ва дустонаи ду кишвар буд.

Максади асосии чорабини эътирофи талошхои донишчуён ва омузгорон, ки дониш ва мехнатро ба рушди факултети муштарак сармоягузори намудаанд. Ин чорабини сифати баланди тайёр намудани мутахассисонро дар сохахои хукук, иктисод ва идоракунии давлати тасдик мекунад ва инчунин муносибатхои шарикии байни ду донишгохи пешрафтаи минтакаро таквият медихад.
Факултети муштарак дар доираи созишномаи хамкори байни Донишгохи давлатии хукук, тичорат ва сиёсати Точикистон ва Донишгохи давлатии иктисодии Тошканд таъсис дода шудааст. Он ба тайёр намудани кадрхои баландихтисос, ки кодиранд дар шароити муосир самаранок кор кунанд ва дар рушди чомеахо ва давлатхо сахми назаррас гузоранд, нигаронида шудааст.
Имсол аввалин хатмкунандагон диплом гирифтанд, ки насли нави мутахассисоне мебошанд, ки дониш ва тачрибаи гирифтаашонро ба манфиати кишвархо ва хамкории минтакавии худ истифода мебаранд.
Ректори Донишгохи давлатии хукук, тичорат ва сиёсати Точикистон Шероз Муминзода хатмкунандагонро бо ин дастоварди мухим табрик гуфта, таъкид намуд:”ин лахза на танхо натичаи талошхои чандинсола, балки шаходати хамкории судманд ва бародаронаи ду донишгохи бонуфузи минтака мебошад”.
АКСХО: донишгохи давлатии хукук, тичорат ва сиёсати Точикистон