Аз 1-уми январ нафақа ва кӯмакпулӣ дар Қазоқистон ба 10% баланд карда мешавад – ИА Караван Инфо
Аз 1-уми январ нафақа ва кӯмакпулӣ дар Қазоқистон ба 10% баланд карда мешавад

Остона, 29 декабри соли 2025 АИ «Караван инфо». Аз 1-уми январи соли 2026 тамоми намудҳои нафақа ва кӯмакпулиҳои давлатӣ дар Қазоқистон тибқи сатҳи пешбинишудаи таваррум 10% индексатсия карда мешаванд. Дар ин бора Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон хабар додааст.

Андозаи нави нафакаи асосӣ (аз 1 январи соли 2026 с.):

• Ҳадди ақал – 35 596 тенге (70% аз ҳадди ақал).

• Ҳадди аксар – 60 005 тенге (баландшавӣ аз 110% то 118% аз ҳадди ақали).

Мисол: барои нафақахӯри 70-сола, ки соли 2019 ба нафақа баромад, маблағи умумии нафақа (асосӣ + ҳамбастагӣ) аз 171,588 тенге то 192,816 тенге дар як моҳ меафзояд.

Афзоиши кӯмакпулӣ (аз 1 январи соли 2026):

  • Кӯмакпулӣ барои таваллуди фарзанди 1, 2, 3 аз 149 416 то 164 350 тенге.
  • Кӯмакпулӣ ба оилаҳои серфарзанд (бо 4 фарзанд) аз 63 030 то 69 330 тенге.
  • Кӯмакпулӣ барои маъюбии гурӯҳи I аз 101 702 то 111 872 тенге.

Пардохтҳо аз фонди Давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (аз даст додани саробон, аз даст додани қобилияти корӣ) низ 10% зиёд мешаванд. Андозаи онҳо ба таври инфиродӣ ҳисоб намуда мешавад.

Аксҳо: freepik / senivpetro

error: