Душанбе, 09 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Баргузории маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ дар шаҳри Теҳрон танҳо як маросими ёдбуд набуд, балки далели равшани он аст, ки мероси муштараки адабӣ то имрӯз яке аз сутунҳои асосии ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон боқӣ мемонад.

6 январ дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон ва «Бунёди Рӯдакӣ» маҳфили адабӣ таҳти унвони рамзии «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» баргузор гардид. Дар он донишмандон, шоирон, адабиётшиносон ва дӯстдорони шеъри классикӣ иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ мақоми устод Рӯдакиро ҳамчун «падари шеъри тоҷик» таъкид намуда, изҳор дошт, ки маҳз Рӯдакӣ бо нубуғ ва эҷодкории худ қудрати забони тоҷикӣ-форсӣ-дариро ҳамчун забони шеъри баланд пас аз ду асри ҳукмронии забони арабӣ ба таври комил собит кард.
Таъкид гардид, ки Рӯдакӣ ҳамаи жанрҳои асосии шеъриро — қасида, ғазал, қитъа, маснавӣ ва рубоиро дар шакли комил офарида, низоми муназзами мавзуъ, вазн, қофия ва саноеи бадеиро поягузорӣ намуд. Ӯ роҳкушои адабиёте гардид, ки дар тӯли ҳазор соли баъдӣ суннатҳои он идома ёфтанд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин Рӯдакӣ ва рӯдакишиносиро яке аз меҳварҳои муҳими ҳамкории илмӣ-фарҳангии ду кишвар номида, пешниҳоди таҳияи девони ҷомеъ ва тасҳеҳёфтаи Рӯдакӣ ва ашъори ҳамасрони ӯро бар асоси дастнависҳои қадим, аз ҷумла «Луғати фурс», ба миён гузошт.
Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуд Шолуӣ асри чаҳоруми ҳиҷриро давраи шукуфоии шеъри форсизабон номида, таъкид кард, ки ин раванд аз Рӯдакӣ оғоз шуда, бо Фирдавсӣ, Саноӣ, Аттор, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Низомӣ ба авҷи худ расидааст. Ба гуфтаи ӯ, пайванди маънавие, ки Рӯдакӣ миёни дилҳо эҷод кардааст, имрӯз дар муносибатҳои гарму самимии Тоҷикистону Эрон инъикос меёбад.
Қисмати шеърии маҳфил бо қироати ашъори Муртазо Амирии Исфандақа ва суханронии донишманди маъруф Алии Равоқӣ идома ёфт. Дар фарҷом барномаи мусиқии «Бунёди Рӯдакӣ» садо дод, ки шеъри устодро ҳамчун рамзи пайвастагии наслҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо боз ҳам зинда кард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
