ОСТОНА, 25 декабр 2025 АИ «Караван Инфо». Санаи 21 декабр дар синни 89-солагӣ актёри барҷастаи қазоқистонӣ, режиссёр ва педагог Асанали Ашимов вафот кард. Хабари ғамангезро дар театри Драмавии ба номи Мухтор Ауэзов тасдиқ намуданд. Сабабҳои марг мушаххас карда нашудаанд.

Асанали Ашимов санаи 8 майи соли 1937 дар вилояти Ҷамбул таваллуд шудааст. Пас аз хатми институти театрӣ, ӯ тақдири худро бо театри Драмавии Қазоқии ба номи Ауэзов алоқаманд намуд, ки дар он ҷо солҳои зиёд кор кард. Ҳунарпеша бо нақшҳояш дар кино машҳур шуд ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи экрани ватанӣ гардид.
Нахустин филми ӯ ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ дар филми “Ботагоз” (1958) буд. Нақши Бекежан дар филми “Киз-Жибек” ва инчунин симои чекист Чадяров дар филми “Охири атаман” маъруфияти воқеӣ овард, ки оғози силсилаи муваффақ ва корти ташрифии актер буд. Танҳо дар соли аввали намоиш миллионҳо тамошобин ин филмро тамошо намуданд.
Асанали Ашимов даҳҳо нақшҳои дурахшон бозида, дар рушди санъати миллӣ саҳми бузург гузоштааст ва ба мукофотҳои олии давлатӣ, аз ҷумла унвони “Қазақстаннин Енбек Ери” сазовор шудааст. Номи ӯ то абад дар таърихи фарҳанги Қазоқистон боқӣ хоҳад монд.
Аксҳо Аз бойгонии шахсии Асанали Ашимов
