«АЗ ПИРЯХҲО ТО ХОҶАГИҲО». Лоиҳаҳои афзалиятнок бо назардошти тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон баррасӣ шуданд – ИА Караван Инфо
«АЗ ПИРЯХҲО ТО ХОҶАГИҲО». Лоиҳаҳои афзалиятнок бо назардошти тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Дар Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо муовини директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд хонум Сяохун Ян вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин хусус Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо атрофи Барномаи нави минтақавии Фонди иқлимии сабз «Аз пиряхҳо то хоҷагиҳо», раванди татбиқи «Стратегияи тағйирёбии иқлим барои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ», дастгирии лоиҳаҳои афзалиятнок бо назардошти тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон, таҳқиқоти арзёбии пиряхҳо, муайян намудани афзалияти иқлимӣ дар Стратегияи нави ҳамкории Бонки Осиёии Рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуда, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: