Қазоқистон ҷаласаи гурӯҳи Кориро аз рӯи стандартҳои аудити давлатии кишварҳои ИДМ баргузор намуд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ҷаласаи гурӯҳи Кориро аз рӯи стандартҳои аудити давлатии кишварҳои ИДМ баргузор намуд

Остона, 17 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Палатаи олии аудитории Ҷумҳурии Қазоқистон дар формати видеоконфронс Ҷаласаи XXVI-уми гурӯҳи Кориро оид ба таҳияи стандартҳои аудити давлатӣ барои мақомоти олии аудити (МОА) давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор намуд.

Дар ҷаласа намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Таҳлилҳои равишҳои методологӣ ба гузаронидани аудити экологӣ (Аз ҷониби Қазоқистон омодашуда) ва ташаккули намунаи аудиторӣ (аз ҷониби Русия омодашуда) баррасӣ намуда шуданд.

Иштирокчиён инчунин Нақшаи чорабиниҳоро барои соли 2026 тасдиқ намуданд. Он таҳияи тавсияҳои методологиро оид ба мониторинги татбиқи тавсияҳои аудиторӣ ва муайян намудани афзалиятҳои аудиторӣ пешбинӣ мекунад.

Илова бар ин, соли оянда баррасии мухтасари таҷрибаҳо оид ба ҳавасмандгардонии аудиторони давлатӣ, гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ, табдили рақамии аудит ва идоракунии сифат ба нақша гирифта шудааст.

Аксҳо: ВАП ҶҚ

error: