Қазоқистон аввалин кишвари ОМ дар коҳиши фавт аз бемориҳои ғайрисироятӣ гардид
Остона, 30 октябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Қазоқистон аввалин Кишвари Осиёи Марказӣ дониста шуд, ки то соли 2025 ба ҳадафи СУТ оид ба коҳиш додани фавти бармаҳал аз бемориҳои ғайрисироятӣ 25% расид. Дар ин бора вазорати тандурустии ҶҚ хабар дод.

Дар коҳиши фавт татбиқи чораҳо оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои дил ва рагҳо саҳми калон гузоштааст. Аз соли 2017 то 2024 дар кишвар 85 маркази сактаи мағзӣ кушода шудааст, ки дар он дар 9 моҳи соли 2025, 39447 бемор табобат карда шудааст.
Марги статсионарӣ 11,3% – ро ташкил дод, ки яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар солҳои охир мебошад.
Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ
