Қазоқистон баъди заминҷунбӣ ба Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад – ИА Караван Инфо
Қазоқистон баъди заминҷунбӣ ба Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад

Остона, 11 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Бо ташаббуси ҷониби афғонистон сӯҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербоев бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Амир Хон Муттаки баргузор шуд. Роҳбари ВКХ-и Қазоқистон дар робита ба заминларзаҳои харобиовари ахир изҳори ҳамдардӣ намуд ва дар бораи нақшаҳои фиристодани миссияи башардӯстона ба Кобул хабар дод.

Миссияи башардӯстонаи Қазоқистон ба зудӣ мутахассисони соҳаи тиб, доруворӣ ва маводи ниёзи аввалияро ба Кобул мерасонад. Амирхон Муттакӣ ба ҷониби қазоқистон барои дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки соли ҷорӣ Афғонистон аллакай ду партияи кумаки башардӯстона бо ҳаҷми умумии 3,7 ҳазор тонна гирифтааст.

Мусоҳибон ҷанбаҳои асосии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро муҳокима намуданд. Онҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд тасдиқ намуда, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, бонкдорӣ ва кӯҳӣ – металлургӣ, инчунин дар соҳаи технологияҳои рақамӣ диққати махсус доданд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо вазирон нияти идомаи рушди босуръати ҳамкории қазоқистону афғонистонро тасдиқ намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд муколамаи фаъоли сиёсиро дастгирӣ мекунанд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: