Қазоқистон дар соли 2025 1,2 миллион тонна гӯшт истеҳсол намуд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон дар соли 2025 1,2 миллион тонна гӯшт истеҳсол намуд

Остона, 3 феврали соли 2026 АИ «Караван инфо». Қазоқистон дар соли 2025 1,2 миллион тонна гӯшти ҳама намудҳоро истеҳсол намуд. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ хабар дод.

Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт нисбат ба соли 2024 2,7% афзоиш ёфтааст. Соҳаи чорводорӣ тақрибан 40% маҳсулоти умумии кишоварзии кишварро ташкил медиҳад.

Саршумори чорвои калон ба 8,2 миллион сар, гӯсфанд ва буз 20,6 миллион, асп 4,6 миллион расид. Истеҳсоли шири гов 5 фоиз афзуда, 3,8 миллион тоннаро ташкил дод.

Қазоқистон пурра бо гӯшти гов, гӯсфанд, асп ва тухми хӯрокворӣ таъмин аст. Содироти гӯшт дар 11 моҳи соли 2025 24,8% афзоиш ёфта, 91,3 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Аз соли 2023 барномаи қарздиҳии имтиезнок бо 2,5 фоизи солона барои сохтмони фермаҳои ширӣ амал мекунад. Агар дар соли 2019 дар кишвар 19 МТФ-и муосир мавҷуд бошад, ҳоло шумораи онҳо аз 100 адад зиёд аст.

Истеҳсоли гӯшти парранда дар панҷ соли охир 157% афзоиш ёфтааст – аз 236,5 ҳазор тонна дар соли 2020 то 371,7 ҳазор тонна дар соли 2025. Дар се соли оянда боз се лоиҳаи калон ба нақша гирифта шудааст.

Нақшаи Комплексии рушди чорводорӣ барои солҳои 2026-2030 тасдиқ намуда шуд. Он воситаҳои нави дастгирии давлатиро, аз ҷумла қарздиҳии имтиёзнокро пешбинӣ мекунад.

Татбиқи нақша имкон медиҳад, ки то соли 2030 саршумори ЧКШ то 12 миллион сар, истеҳсоли гӯшт то 1,8 миллион тонна ва ҳаҷми содироти гӯшт ду баробар зиёд намуда шавад.

Сурат: ВК ҶҚ

error: