Қазоқистон озмуни кураторҳоро барои иштирок дар биенналеи Венетсия дар соли 2026 эълон намуд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон озмуни кураторҳоро барои иштирок дар биенналеи Венетсия дар соли 2026 эълон намуд

ОСТОНА, 13 ноябр АИ «Караван Инфо». Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи оғози озмуни дархостҳои кураторӣ барои омода намудани павилёни Миллии кишвар дар биенналеи 61-уми Санъати муосири Венетсия, ки аз 9 май то 22 ноябри соли 2026 баргузор мешавад, эълон намуд.

Мақсади озмун – интихоби лоиҳаи консептуалӣ мебошад, ки мавзӯи Биенналеи “In Minor Keys” – ро инъикос мекунад ва санъати муосири Қазоқистонро дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ мекунад. Ба дастгирии ташаббусҳои байнисоҳавӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ диққати махсус дода мешавад.

Ба иштирок кураторҳои қазоқистонӣ ва гурӯҳҳои кураторӣ бо таҷрибаи кории на камтар аз панҷ сол, асосан дар Қазоқистон зиндагӣ ва кор мекунанд, даъват намуда мешаванд.

Павильони миллӣ дар масири санъатии “Миляи осорхона” ҷойгир намуда мешавад ва фазои намоишгоҳро бо масоҳати тақрибан 250 метри мураббаъ ва ҳавлии дохилиро барои ҷойгир намудани иншоотҳои санъатӣ дар бар мегирад.

Қабули дархостҳо то 9 декабри соли 2025 кушода аст, натиҷаҳои озмун 5 январи соли 2026 эълон намуда мешаванд. Тафсилот дар сайти Вазорати фарҳанг ва иттилооти ҶҚ ҷойгир намуда шудааст.

Аксҳо: МКИ ҶҚ

error: