Қазоқистон пешниҳод намуд ки ҳамкории хадамоти байторӣ дар ИИАО тақвият дода шавад – ИА Караван Инфо
Қазоқистон пешниҳод намуд ки ҳамкории хадамоти байторӣ дар ИИАО тақвият дода шавад

Москва, 03 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири кишоварзии ҶҚ Айдарбек Сапаров дар форуми Байналмилалӣ “Амнияти Ветеринарӣ” дар Маскав иштирок намуд. Вай пешниҳод кард, ки ҳамкориҳои хадамоти байтории кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои муқобила бо таҳдидҳои биологӣ тақвият дода шавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон.

 Дар форум вазири саноат ва маҷмааи агросаноатии КИА Гоар Барсегян ва вазири кишоварзии ФР Оксана Лут суханронӣ намуданд. Чорабинӣ коршиносони ФАО, созмони Умумиҷаҳонии ҳифзи саломатии ҳайвонот, намояндагони ҷомеаи илмӣ ва тиҷоратро аз Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Эрон муттаҳид намуд.

Сапаров таъкид намуд, ки аз соли 2022 дар Қазоқистон Қонун “Дар бораи амнияти биологӣ” амал мекунад, ки ба пешгирии таҳдидҳои биологӣ равона шудааст. Пешгирӣ аз рӯи 23 намуди беморӣ аз зиёда аз 90 беморие, ки ба рӯйхати созмони умумиҷаҳонии ҳифзи ҳайвонот дохил намуда шудаанд, гузаронида мешавад.

Бо шарофати кори системавӣ, Қазоқистон мақоми некӯаҳволии худро аз рӯи бемориҳои махсусан хатарнок, аз ҷумла вабои африқоии хук, вабои классикии хук ва оқсил нигоҳ дошт. Вазир аҳамияти таҳкими ҳамкории кишварҳои ИИАО барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои эпизоотикӣ ва баланд бардоштани шаффофияти ҳаракати маҳсулоти ҳайвонот қайд намуд.

Иштирокчиёни форум инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди бозори доруҳои байторӣ, такмили ташхис ва мониторинги бемориҳоро муҳокима намуданд. Чорабинии мазкур барои таҳияи қарорҳои мувофиқашуда оид ба таъмини амнияти байторӣ дар фазои авруосиё табдил ёфт.

Сурат: ВК ҶҚ

error: